Ифтитоҳи маркази хизматрасонии бонкӣ дар Турсунзода

Октябрь 16, 2014 11:40

Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Турсунзода имрӯз ба беш аз 19 ҳазор нафақагирони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёда аз 1500 нафар нафақагири сохторҳои қудратӣ хизмат мерасонад. 
Бо супориши раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба сохтмони биноҳои замонавии марказҳои хизматрасонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, филиали бонк дар ноҳияи Турсунзода дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Турсунзода бинои наву замонавии маркази хизматрасонии бонкӣ ба истифода дода шуд. Роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст то охири сол шумораи чунин марказҳоро дар миқёси кишвар зиёд намояд. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд, теъдоди дорандагони кортҳои бонкии «Амонатбонк» то 30 сентябри соли равон  ба 488 ҳазору 522 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 205 ҳазору 492 ҳазор нафар зиёд мебошад. 
 Аз ҷумлаи кортҳои интишоргашта 297 ҳазору 989 адад корти нафақагирон, 29 ҳазору 273 ададаш корти шахсони воқеӣ ва 161 ҳазору 260 адад ба шахсони ҳуқуқӣ мансуб мебошад. Ҳиссаи асосии кортҳои пардохтии бонкии дар ҷумҳурӣ ба муомилот баровардашуда, ин кортҳои пардохтии БДА ҶТ “Амонатбонк”мебошад, ки 52 фоизи ҳаҷми умумии кортҳои баровардашудаи Ббнкҳою ташкилотҳои молиявии кишварро ташкил медиҳанд.

Октябрь 16, 2014 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд