Ифтитоҳи роҳи нави мошингард

Октябрь 16, 2014 12:14

Хоруғ, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Сохтмони  нахустин роҳи мошингард дар масири деҳаи Бидурд-Сипинзи ноҳияи   Шуғнон анҷом дода шуда, он ба таври расмӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо бунёди ин роҳ мушкили  318 хоҷагии деҳаҳои Бидурд, Сипинз ва Рож аз миён бардошта шуд.
Ин барнома дар асоси тавофуқоти сеҷониба дар миёни мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, маблағгузории Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ ва МСДСП-и ноҳияи Шуғнон роҳандозӣ шудааст.
Дар маросими расмии ба истифода супоридани роҳ раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Ғиёев ширкат варзида, аз ҳамкориҳои мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ҷиҳати пиёдасозии барномаҳои рушди деҳот изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки бо бунёд гардидани ин роҳ мушкилоти сокинони се деҳаи баландкӯҳи ноҳияи Шуғнон пушти сар шуд.  Қаблан  маскунони ин деҳа барои интиқоли бор ва дигар эҳтиёҷоти  сохтмониву хонаводагӣ аз роҳи 8-километраи деҳаи Рож истифода мекарданд ва бештари молу маводро дастӣ  интиқол медоданд.
Дарозии роҳи нави деҳаи Сипинзи ҷамоати Суҷон ду километр  буда, бартарии дигари он дар  ин аст, ки роҳи мазкур дар фасли зимистон низ боз буда, дастрасии мардумро ба бозори шаҳр осон менамояд. 
 
 

Октябрь 16, 2014 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!