Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 15 октябр Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Интизор меравад, ки Президенти Озарбойҷон дар доираи сафари расмии дурӯзаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Душанбе ва Бокуро матраҳ намоянд.
Аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Президенти Озарбойҷон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Душанбе ҳамзамон бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбат менамояд. Интизор меравад, ки дар доираи сафари расмии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон маҷмӯи созишномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






