Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Октябрь 14, 2014 11:29

Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 15 октябр Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Интизор меравад, ки Президенти Озарбойҷон дар доираи сафари расмии дурӯзаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот  намуда, масоили марбут  ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Душанбе ва Бокуро матраҳ намоянд.
             Аз  Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Президенти Озарбойҷон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Душанбе ҳамзамон бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбат менамояд. Интизор меравад, ки дар доираи сафари расмии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон маҷмӯи созишномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо  расанд. 
 

Октябрь 14, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид