Илҳом Алиев: «Ман ба миллати тоҷик назари нек дорам»

Октябрь 17, 2014 10:18

    Душанбе, 17.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Парлумони Тоҷикистон ба рушди ҳамкории судманд  бо Парлумони  Озарбойҷон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, зеро мардумони моро робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва  арзишҳову анъанаҳои муштараки  фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд» . Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни мулоқоташ бо Илҳом Алиев-Президенти Озарбойҷон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, иброз дошт.
        Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ду кишвар  дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ,   фарҳангӣ ва дигар мавзуоти муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
       Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишварҳои мо боз ҳам дӯстони қаринтар гаштанд, ки масоили мушаххаси ҳамкориҳои дуҷонибаро муваффақона ҳалл намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории мутақобиларо роҳандозӣ намудаанд.
          Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки мо манфиатдории Озарбойҷонро дар тавсеаву густариши муносибатҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон, қабл аз ҳама дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ эҳсос менамоем ва мебояд эътироф кард, ки дар ин самт имконоти амалинашудаи зиёде мавҷуданд.   
      Бо дахли  робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон Ш. Зуҳуров гуфт, ки ба дӯши гурӯҳи дӯстии парлумонҳои кишварҳои мо ба сомон расонидани корҳои зиёде вогузор шудааст. Пеш аз ҳама, дар самти таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва мусоидат аз ҷониби парлумон ба талошҳои комиссияи байниҳукуматӣ, бахусус дар масъалаи иҷрои шартномаҳо ва созишномаҳои баимзорасида корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим аст. « Мутмаинам, ки тавофуқоти ҳосилшуда дар таърихи муносиботи  Душанбе ва Боку саҳифаи  нав боз  намуда, дар тақвияти ҳамкориҳои  гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар нақши калидӣ хоҳад бозид.
               Президенти Ҷумхурии Озарбайҷон  Илҳом Алиев, дар навбати худ гуфт, ки   раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунад. Аз он шодам, ки — миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ чиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад.  Озарбойҷон дар оянда низ талош мекунад, ки фазои аз ин ҳам беҳтари қонуниву ҳуқуқиро барои густариши муносиботи дуҷониба фароҳам орад.
      Ба андешаи Илҳом Алиев, Боку  ба  ҳамкориҳои байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. И. Алиев таъкид кард, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ҳар ду кишвар заминаи хуберо ҷиҳати таҳкими ин муносибот фароҳам меорад.. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ҳар ду давлат аз кишварҳои  ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кумак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон  санадҳои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки ин санадҳо фазои ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.
        —    «Ман ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорам ва дар оянда низ  аз тамоми имконот ва маҳорати худ барои таҳкими ҳамкориҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон  истифода хоҳам кард», —  гуфт дар анҷоми мулоқот Илҳом Алиев -Президенти Ҷумҳурии Озарбайҷон. 
 

Октябрь 17, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд