Имзои қарордоди занбӯрпарварон
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз рӯи натиҷаи ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон, ки охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, созишномаи ҳамкории байни Иттиҳодияи занбӯрпарварони «Суғд» ва Ҷамъияти кушодаи «Иттиҳоди занбӯрпарварони Қирғизистон» ба имзо расид. Ҳуҷҷатро аз ҷониби Тоҷикистон муовини раиси «Иттиҳодияи занбӯрпарварони «Суғд» Комилҷон Ғиёсиддинов ва аз ҷониби Қирғизистон раиси Ҷамъияти кушодаи «Иттиҳоди занбӯрпарварони Қирғизистон» Козим Қарасетов имзо намуданд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи лоиҳаи «Дастгирӣ ба манзури таъсиси марказҳои рушди савдо дар сатҳи миллию музофотӣ ва доир намудани тренингҳои доимии соҳибкорон», ки онро Ҳукумати Финляндия бо маблағ таъмин менамояд, маросими иштироки соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Барномаи рушди СММ баргузор гардид.
Соҳибкорон аҳд карданд, ки ҳамкории судманди дуҷонибаро рушду густариш бахшида, ба дарёфти мушорикону сармоягузорон мусоидат кунанд.
Ба дастгирии вусъати таҳсили мутахассисони тоҷик дар бахши занбӯрпарварӣ ва табодули таҷрибаи занбӯрпарварон дар ҳошияи ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.
Созишномаи мазкур бахшу шаклҳои мухталифи ҳамкориро муайян мекунад. Тасмим гирифта шуд, ки ҷонибҳо бо назардошти салоҳият, неруи зеҳнӣ ва захираҳои истеҳсолию имконоташонро ба манзури татбиқи стратегияи муштарак фаъолона мавриди истифода қарор медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






