Имзои санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд, ки зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 4 созишнома ба имзо расид. Зери Эъломияи муштарак сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд.
Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Камолиддин Гейдаров, Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Гейдар Асадов, Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустиро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Ширалиев, Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории илмиро Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон Акиф Ализода ба имзо расониданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






