Имзои як силсила санадҳои муфид
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ — муҳаррики иқтисодиёт», ки 15 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, як зумра созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҷумла дар доираи форуми мазкур Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи метаноли Сингапур оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ ба имзо расид.
Инчунин Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷамъиятҳои тиббӣ оид ба сифати Федератсияи Русия вобаста ба рушди низоми таҳсилоти тиббӣ тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ; Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Корхонаи Алюминии Тоҷик ва Ширкати Глинкор Интернешнл Швейтсария дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо; Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ташкили бизнес — инкубаторҳо имзо шуданд.
Дар анҷоми форум натиҷаҳои кор ҷамъбаст гардида, санади ниҳоии форум қабул гардид.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






