Имзои як силсила санадҳои муфид

Октябрь 17, 2014 11:55

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ — муҳаррики иқтисодиёт», ки 15 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, як зумра созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд. 
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҷумла дар доираи  форуми мазкур  Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи метаноли Сингапур оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ ба имзо расид.
Инчунин  Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷамъиятҳои тиббӣ оид ба сифати Федератсияи Русия вобаста ба рушди низоми таҳсилоти тиббӣ тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ;  Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Корхонаи Алюминии Тоҷик ва Ширкати Глинкор Интернешнл Швейтсария дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо;  Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ташкили бизнес — инкубаторҳо имзо шуданд. 
Дар анҷоми форум натиҷаҳои кор ҷамъбаст гардида, санади ниҳоии форум қабул гардид.
 
 

Октябрь 17, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад