Иншоотҳои ғайриманқул шахсӣ карда мешаванд
Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз моҳи январ то моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 133 иншооти ғайриманқул ва аз оғози хусусигардонӣ (соли 1991) то имрӯз 12 ҳазору 417 иншоот хусусӣ карда шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳиссаи иншоотҳои хусусӣ кардашуда дар ҳамин давра аз рӯи қиёси ҳудудӣ дар шаҳри Душанбе 7,5 фоиз, вилояти Суғд 51,9 фоиз, вилояти Хатлон 16,5 фоиз, ВМКБ 3,8 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20,3 фоизро ташкил медиҳад.
То 1 октябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ аз оғози хусусигардонӣ 274 ҳазору 100 хона хусусӣ намуда, аз ҷумлаи онҳо 197 ҳазору 900 хона фурӯхта, 4 ҳазору 100 хона бо пардохти нопурра ба аҳолӣ супурда ва 72 ҳазору 100 хона ба таври маҷҷонӣ хусусӣ карда шудааст.
Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 541 хона, аз ҷумла дар ВМКБ 11 хона, вилояти Суғд 637 хона, вилояти Хатлон 540 хона, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 139 хона ва дар шаҳри Душанбе 1214 хона хусусӣ карда шудааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






