Иштироки Х. Ибодзода дар ҷаласаи Шўрои экологии ИДМ
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода рўзҳои 5-7 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ташкилии Шўрои байнидавлатии экологии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир шуд, иштирок намуд.
Мақсад аз баргузории ҷаласа баррасӣ ва қабули қарорҳо оид ба интихоби раис ва ҳамраиси Шўро, доир ба котиботи Шўрои байнидавлатии экологӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни мамлакатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати гузаронидани ҷаласаи минбаъдаи Шўрои байнидавлатии экологии давлатҳои аъзои ИДМ буд.
Дар ҷараёни ҷаласаи байнидавлатӣ масъалаҳои муҳими экологӣ, чун мушкилиҳои мавҷуда, ки дар ҷараёни ҳамкории байнидавлатӣ пайдо мешаванд, ҳамчунин самтҳои пешбинишудаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва масоили таъсири мутақобил муҳокима шуданд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқот Протоколи ҷаласаи Шўрои байнидавлатии экологии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо карда шуда, 5 қарор ва Низомномаи котиботи Шўрои байнидавлатии экологии аъзои ИДМ қабул шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






