Иштироки Н.Ғаффорова дар ҷаласаи занони узви парлумон
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ноиби раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова бо даъвати Ассамблеяи иттиҳоди байнипарлумонӣ дар кори ҷаласаи навбатии занони узви парлумони ҷаҳон, ки имрӯз дар шаҳри Женева анҷом меёбад, ширкат дорад.
Тавре ки аз Парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласа масоили марбут ба фаъолияти гендерӣ дар Ассамблеяи иттиҳоди байнипарлумонӣ, квотаҳои интихобӣ барои занон дар бахши сиёсат, проблемаҳои ҳамкорӣ бо кумитаҳои СММ барои аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқи занон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки солҳои охир дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон тамоюли истифодаи квотаҳои гендерӣ ба ҳайси олоти сиёсӣ барои вусъат бахшидани иштироки занон дар сиёсат васеъ ба кор бурда мешавад.
Ҷаласаи навбатии занони узви парлумони ҷаҳон 28 марти соли 2015 дар шаҳри Ханой баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






