Иштироки Н.Ғаффорова дар ҷаласаи занони узви парлумон

Октябрь 14, 2014 12:03

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ноиби  раиси Маҷлиси  намояндагон  Назира  Ғаффорова бо  даъвати Ассамблеяи иттиҳоди  байнипарлумонӣ  дар  кори  ҷаласаи  навбатии  занони  узви  парлумони  ҷаҳон, ки  имрӯз дар шаҳри  Женева анҷом  меёбад, ширкат  дорад.
Тавре  ки  аз  Парлумони  кишвар  хабар  доданд, дар ҷаласа  масоили   марбут ба  фаъолияти   гендерӣ  дар  Ассамблеяи  иттиҳоди  байнипарлумонӣ, квотаҳои  интихобӣ  барои  занон  дар  бахши  сиёсат, проблемаҳои  ҳамкорӣ  бо  кумитаҳои  СММ  барои аз байн  бурдани  поймолкунии ҳуқуқи  занон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Дар  ҷаласа зикр  шуд, ки солҳои охир  дар  кишварҳои  мухталифи  ҷаҳон  тамоюли  истифодаи  квотаҳои  гендерӣ  ба  ҳайси олоти  сиёсӣ барои вусъат  бахшидани  иштироки  занон  дар  сиёсат васеъ  ба  кор  бурда  мешавад. 
Ҷаласаи  навбатии  занони  узви  парлумони  ҷаҳон  28  марти  соли  2015  дар  шаҳри  Ханой  баргузор  мегардад. 
 

Октябрь 14, 2014 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид