Истаравшан: ифтитоҳи «Озар»
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Озар»- бо чунин ном дар шаҳри Истаравшан толори варзишӣ бо 400 ҷои нишаст ба истифода дода шуд. Гуфта мешавад, ки сохтмони толори варзишӣ соли 2010 оғоз гардида, он аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии маҳалла ба маблағи 1 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, толори варзишӣ ба гӯштини намуди юнонӣ — римӣ мутобиқ буда, дар дохили он қолини варзишӣ густурда шудааст. Дар як рӯз дар ин толор 300 нафар ҷавон бо варзиш машғул мегардад.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ташкилӣ ва кор бо ҷавонони ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар толори варзишии мазкур бахшида ба 20 — солагии ҲХДТ мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба гӯштини юнонӣ — римӣ ба хотираи паҳлавон Акмалҷон Исоев бо иштироки дастаҳо аз Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Истаравшан дар давоми ду рӯз доир шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






