Истиқболи гарми Дилшод Назаров дар фурудгоҳи Душанбе
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дилшод Назаров, варзишгари шинохтаи тоҷик, барандаи секаратаи Бозиҳои Осиёӣ оид ба намуди гурзпартоӣ пас аз музаффарияти калон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба ватан баргашт. Варзишгари тоҷикро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону устодон, мухлисони сершумор ва масъулин пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои Осиёӣ-2014, ки дар Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, варзишгари тоҷик дар даври ниҳоӣ миёни 12 варзишгари қора гурзро ба масофаи 76 метру 83 сантиметр ҳаво дода, мақоми авввалро касб кард ва маротибаи сеюм ҳамвора медали тиллои ин бозиҳоро ба гардан овехт.
Ӯ ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар ин Бозиҳо натиҷаи аз ҳама баландро шурӯъ аз соли 2006-ум дар бозиҳоии Осиёӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар ва баъдан чаҳор сол қабл дар Бозиҳои Осиёии Гуанжоуи ҶМЧ нишон додаву парчами мамлакатро миёни варзишгарони Осиё баланд бардоштааст.
Бояд гуфт, ки то инҷониб дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар соли 2014-ум танҳо соҳиби ду медал шудааст, ки яке Дилшод Назаров тилло ва дигаре Зелихон Юсупов медали нуқраро ба даст овардаанд. Чаҳор сол қабл дастаи мунтахаби мо чаҳор медал ба даст оварда буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






