Иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ
Душанбе, 09.10.2014. (АМИТ “Ховар”). — Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014 аризаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида, ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» ташкилоти экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф гардида, фаъолияташ манъ карда шуд. Бо ҳамин ҳалнома сомонаҳои интернетии «Гурӯҳи 24» чун воситаи ахбори омма баста шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гурӯҳи 24» манъ карда шуд.Бинобарин, аз ҳамин лаҳза ҳаргуна иштирок дар фаъолияти «гурӯҳи» номбурда тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф гардида, мувофиқи моддаи 307-3 ҳамин Кодекс барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.Дар баробари ин, қобили зикр аст, ки дар эзоҳи моддаи 307-3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣшудааст, ки шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарор дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






