Изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, ки гурӯҳи мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватов Умаралӣ Изатович, ки бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ ва азонихудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад, таъсис дода шудааст. Мақсади асосии он бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қувватов У.И. ва дигар намояндагони ин гурӯҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми шарифи Тоҷикистонро бобати ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ ҳидоят намуда, онҳоро рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.
Бинобар ин, бо мақсади таъмини амнияти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибтамаддуни он, сулҳу субот ва бехатарии ҷомеа Прокуратураи генералӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд.
Маркази матбуоти Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






