Кӯдакон маводи мухаддир ёфтанд
Хоруғ, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ду тан аз хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 4-и деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон Сураҷ Дилбаров ва Муҷиб Бахтибеков ҳангоми ҷамъ намудани ҳезум дар соҳили дарёи Панҷ як бастаи полиэтилениро пайдо намуда, фавран ба омӯзгорони мактаб ва неруҳои амниятӣ хабар доданд.
Ташхис нишон дод, ки дар ин баста маводи нашъадори навъи ҳашиш нигаҳдорӣ шуда, барои интиқоли минбаъда дар лаби дарё пинҳон кардаанд.
Дар робита ба ин иқдом дар мактаб ҷамъомади бошукӯҳ доир гашт, ки дар он сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазо Ҳайдарзода, муовини сардори раёсати маорифи вилоят Тоҷиддин Орумбеков ширкат доштанд ва аз ин рафтори хонандагон изҳори сипос намуда, ба онҳо ифтихорномаи раёсати мазкур ва мукофоти пулӣ такдим карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






