Комроншоҳи Устопириён- ғолиби Гран-прии дзюдо

Октябрь 13, 2014 11:24

Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Остонаи Қазоқистон медали тилло ба даст овард.
Бояд гуфт, ки мусобиқа, рӯзҳои 10-12-уми октябр дар байни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт, ки дар он 277 варзишгар аз 36 кишвари ҷаҳон иштирок дошт. Онҳо инчунин барои имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 мубориза бурданд.
Мавриди зикр аст, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 варзишгар шомил буда, онҳо дар сабқати мардон дар чор вазн рақобат карданд.
Комроншоҳ дар вазни то 90 кило, ки ҳамагӣ 25 нафар ширкат дошт, баъд аз се ғалаба бар Милан Рандл (Словакия), Самир Гучапшев (Русия) ва Александр Иддир (Фаронса) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар қувваозмоии ҳалкунанда Асет Ахметҷонов аз Қазоқистонро шикаст дод.
Комроншоҳ барои ҷойи аввал ба ҷуз медали тилло бо ҷоизапулӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт. Дар ин вазн Александр Иддир аз Фаронса ва Кюҷау Нхабали аз Украина медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
 
 

Октябрь 13, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд