Конфронс оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар Суғд
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо мақсади фаҳмонидани навгониҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани технологияи кишту парвариш бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти иқтисодиёти кишоварзии ҷумҳурӣ бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳангии «Юсуфзода»-и хоҷагии ҷамоавии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзўи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар он олимон, мутахассисони соҳаи боғдориву чорводорӣ, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони хоҷагиҳои пешқадам ва дигар масъулини соҳа аз ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба рушди соҳа дар давоми чанд соли охир 30 барномаи муҳими давлатӣ қабул гардида, барои серҳосил гардонидани заминҳои кишоварзӣ ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани онҳо, бо истифода аз навъҳои тухмии хушсифат ба даст овардани 3-4 ҳосил, хушзоткунии чорво, васеъкунии чарогоҳҳо ва ғайра равона шудааст. Соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷа зиёда аз 33 ҳазор хоҷагии хурди инфиродиву оилавӣ таъсис ёфт ва он метавонад ба коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва беҳтар шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






