Конфронси занони полис дар Исломобод
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъулияти гендерии полис. Умед ба ҷомеаи сулҳомез» оғоз гардид. Конфронси мазкур аз 13 то 15 октябр идома ёфта, дар он аз 30 давлати дунё полисзанони мусулмон иштирок доранд.
Тавре ки ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, конфронс бо ибтикори созмони олмонии GIZ ва Сафорати Олмон дар Покистон баргузор гардида, он масоили шинохти ҳуқуқи зан, ҷойгоҳ дар муассисаҳои полис барои занон, аз байн бурдани табъиз нисбат ба зан, вазифаҳои байналмилалӣ дар хусуси инсон ва дигар мавзӯъҳои васеъ ва густурдаро фарогир аст.
Ҳадаф аз баргузории конфронс мубодилаи таҷриба ва амалӣ кардани конвенсияҳо, паймонҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Мавриди тазаккур аст, ки ин дувумин конфронси занони полис мебошад. Соли 2011 низ дар шаҳри Исломобод чунин конфронс баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Афғонистон, Эрон, Индонезия, Малайзия, Алҷазоир, Гавана, Бангладеш, Тоҷикистон, Қазоқистон, Нигерия бо навбат сухан гуфта, доир ба чорчӯбаи адолати ҳар кишвар дар саросари ҷаҳон ва мафкураҳои умумибашарӣ баҳс менамоянд.
Дар конфронс инчунин сафирони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов ширкат намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






