Консерт дар ҳошияи Ҳафтаи Аврупо
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко). — 25 октябр дар ҳошияи Ҳафтаи Аврупо дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти бастакорони Аврупо дар иҷрои устодони санъати Тоҷикистон баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Маркази фарҳанги «Бохтар» ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Ҳамоҳангсози равобит бо аҳли ҷамъияти Маркази фарҳанги «Бохтар» Амалхонум Ҳоҷиева зикр намуд, ки Ҳафтаи Аврупо бо ифтитоҳи намоишгоҳ дар Осорхонаи миллӣ оғоз ёфта, бо консерти гурӯҳи ҳунармандон бо роҳбарии Шӯҳрат Ашӯров идома меёбад.
Дар консерт оҳангу сурудҳо аз операҳои Жорж Бизе, Ҷузеппе Верди ва Фридрих Шопен танинандоз шуданд.
Дар анҷоми консерт гурӯҳи чоргонаи навозандагон — Исмат Саидов, Маҳмуд Сангинов, Зарина Раҳмонова ва Лариса Саидова бо маҳорати худ хотири ҳозирони толорро шод намуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






