Кумаки раиси шаҳри Хуҷанд ба нобиноён

Октябрь 16, 2014 10:34

Хуҷанд, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Ҳамасола 15 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Рӯзи нобиноён таҷлил мешавад. 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар ин сана инчунин 65- солагии таъсиси маркази хуҷандии иҷтимоӣ-эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон низ таҷлил мешавад. 
Ба гуфти манбаъ, роҷеъ ба ин сана  бо мақсади дастгирии иҷтимоии нобиноён мувофик ба қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз ба 200 нафар аъмо  50 сомонӣ кумакпулии яквақта дода мешавад. Инчунин 15 октябр дар коргоҳи мазкур чорабинии идона бо иштироки кормандони коргоҳ  доир гардид. 
Бояд гуфт, ки  ҳоло дар маркази вилоят 314 нафар аъмо дар қайд буда, аз он 66 нафараш дар коргоҳи маркази хуҷандии иҷтимоию эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Октябрь 16, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад