Курсҳои омӯзишии волонтёрӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён

Октябрь 8, 2014 16:22

Душанбе, 08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- “Фаъолноксозии донишҷӯёни волонтёр барои узвият ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон”- таҳти чунин унвон тренинг-омӯзиши донишҷӯён ва ҷавонон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе  дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно»  баргузор мегардад.
Тренинги мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон баргузор гардида, дар он ҷавонон ва донишҷӯён иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи мазкур, тренинги омӯзишӣ аз 4-уми октябри соли равон бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон оғоз гардид, ки Наимҷон Мирзораҳимов ба ҳайси тренер ба иштирокчиён ҳаракати волонтёрӣ,  шомил шудан ба ин ҳаракат ва дар доираи ин ҳаракат ба анҷом расонидани кадом корҳоро омўзонид.
Гуфта мешавад, ки дар курси кутоҳмудати омӯзишӣ беш аз 100 нафар донишҷӯни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оид ба ҳаракати волонтёрӣ маълумотҳо дастрас кард, ки онро метавонанд дар фаъолияти шахсиашон истифода баранд. 
Ёдовар мешавем, ки ин тренингҳо ҳар ҳафта рўзи шанбе дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» доир мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд дар курсҳои мазкур иштирок намуда, маълумотҳои заруриро оид ба ҳаракати волонтёрӣ дастрас намоянд.
 
 

Октябрь 8, 2014 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик