Курсҳои омӯзишии волонтёрӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён
Душанбе, 08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- “Фаъолноксозии донишҷӯёни волонтёр барои узвият ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон”- таҳти чунин унвон тренинг-омӯзиши донишҷӯён ва ҷавонон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» баргузор мегардад.
Тренинги мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон баргузор гардида, дар он ҷавонон ва донишҷӯён иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи мазкур, тренинги омӯзишӣ аз 4-уми октябри соли равон бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон оғоз гардид, ки Наимҷон Мирзораҳимов ба ҳайси тренер ба иштирокчиён ҳаракати волонтёрӣ, шомил шудан ба ин ҳаракат ва дар доираи ин ҳаракат ба анҷом расонидани кадом корҳоро омўзонид.
Гуфта мешавад, ки дар курси кутоҳмудати омӯзишӣ беш аз 100 нафар донишҷӯни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оид ба ҳаракати волонтёрӣ маълумотҳо дастрас кард, ки онро метавонанд дар фаъолияти шахсиашон истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки ин тренингҳо ҳар ҳафта рўзи шанбе дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» доир мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд дар курсҳои мазкур иштирок намуда, маълумотҳои заруриро оид ба ҳаракати волонтёрӣ дастрас намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






