Мақоми Хуҷанд дар таърихи шаҳрдории тоҷикон
Душанбе, 07.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарконун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии зодрӯзи мутафаккири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти унвони «Фарҳанг ва суннати шаҳрдорӣ: Мақоми Хуҷанд дар таърихи шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон» конфронси илмӣ- амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ хабар доданд, дар конфронс ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов сухан гуфта, зикр намуд, ки халқи тоҷик яке аз халқиятҳои қадима ва дорои фарҳангу маданияти арзишманд дар минтақа эътироф гаштааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш борҳо таъкид кардааст: «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад». Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба шаҳри Хуҷанд ва ҷойгоҳи он дар фарҳангу тамаддуни шаҳрсозӣ ва шаҳрдории мардуми Шарқ баромад карда, аз ҷумла қайд намуд: «Таърихи шаҳр хеле қадиму пурғановат буда, ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он ибратбахш ва боиси ифтихор мебошад. Дар ин авроқ саргузашт, рӯзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, робитаи асрҳо ва наслҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрӯзаи сабзу ҷовидони шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст. Хуҷанд дар солҳои минбаъда ободу зебо ва ба яке аз марказҳои бузурги маъмурӣ, саноатӣ, фарҳангии мамлакат табдил ёфт.
Дар фарҷоми конфронс ба муносибати Рӯзи омӯзгорон аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд якчанд олимон ва устодони донишгоҳи мазкур бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






