Маҳдудияти неруи барқ дар баъзе манотиқ
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон маҳдудияти истифодаи неруи барқ ҷорӣ шуд, ки ин ба пойтахт ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва навоҳии кишвар дахл надорад. «Аммо нақшаи аниқи маҳдудият барои истифодабарандагони барқ дар минтақаҳои кишвар тасдиқ нагардидааст»,- мегӯяд сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ба гуфти Нозирҷон Ёдгорӣ, лимити барқи имсоларо низ на бо соат, балки бо киловатт-соат ҳисоб хоҳанд кард. Ҳадафи ҷорӣ кардани лимит ҳифзи оби обанбори Норак — манбаи асосии тавлиди барқи Тоҷикистон дар сурати сард омадани фасли сармост.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар обанбори НБО Норак сатҳи ҷараёни оби дарёи Вахш имсол нисбат ба соли гузашта паст аст. Маҷрои об дар обанбори он ҳоло 447 метри мукааб дар сонияро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки як сол пеш дар чунин давра он 547 метри мукааб дар сония будааст. Аз ин рӯ, лимит аз ҳоло ҷорӣ шуд, то дар зимистон мардум бебарқ намонад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи анъана лимити барқ ҳар сол аз моҳи октябр дар тамоми ноҳияҳои берун аз пойтахт ба ҷуз аз марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳо ҷорӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






