Маҳфили шеъри Фарзона дар ДДХ
Душанбе, 9.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бахшида ба 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ — Фарзона бо иштироки устодон, пайвандон, шогирдон, меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳаводорони ашъори Фарзона дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили шеър баргузор шуд.
Тавре ки сомонаи расмии раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маҳфил чанд нафар устодони донишгоҳ доир ба тасвир ва ҷойгоҳи рубоӣ дар ашъори Фарзона маърӯза карданд.
Инчунин оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Фарзона дорандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ Атахон Сайфуллоев, шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ сухан гуфтанд.
Гуфта мешавад, ки қироати ашъори Фарзона аз ҷониби донишҷӯён хотири ҳозиринро болида сохт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






