Маҳсулоти «Хуаксин Ғаюр Семент» меафзояд
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 864 ҳазору 300 тонна семент тавлид шуд, ки назар ба ҳамин давраи сол гузашта баробари 774 ҳазору 600 тонна зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Қисми зиёди сементи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ҳиссаи корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент» мебошад. Корхонаи мазкур то ин дам 652 ҳазору 400 тонна семент истеҳсол кардааст.
Мувофиқи пешбинии мутахассисон, то охири соли ҷорӣ истеҳсоли семент дар кишвар ба 1 миллион тонна расонида мешавад, ки ин вуруди семент ба кишварро, бешубҳа, коҳиш медиҳад.
Алҳол дар Тоҷикистон 10 корхонаҳои семент фаъолият доранд, ки «Хуаксин Ғаюр Семент» ва «Сементи тоҷик» калонтарини онҳо ба шумор мераванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2013 дар Тоҷикистон 385 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда, тавлиди он нисбат ба нишондодҳои соли гузашта баробари 75 фоиз афзуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






