Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2014 11:31

Душанбе, 10.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз  таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси навбатии ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда,  аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот, Саридораи бойгонӣ ва  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  тасдиқ гардиданд.
  Оид ба масъалаи якуми рўзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои моддаҳои дахлдори Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти  ҷуброни талаф оид ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Маҳмадтоири Зокир шунида шуд. 
Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи як зумра  созишномаҳои байниҳукуматӣ баъди муҳокима қобили қабул дониста шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба як силсила  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар фароварди  маҷлис Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  аз аъзои ҳукумат ва дигар  роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб намуда, барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, афзун намудани иқтидори истеҳсолию содиротӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаҳои нави саноати сабук, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, дар сатҳи зарурию  бе камбудӣ  гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон   ва  ҳалли дигар масъалаҳои рўзмарраи ҳаёти ҷомеа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 

Октябрь 10, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!