Маркази миллии тестӣ ба чӣ мусоидат мекунад?
Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – 28 октябр дар шаҳри Душанбе натиҷаи лоиҳаи «Барномаи мусоидати Русия ба таҳсилот ба манзури рушди он», аз ҷумла татбиқи низоми имтиҳоноти ягонаи қабул ба донишкадаҳои олии Тоҷикистон дар заминаи принсипҳои дастрасии баробар, шаффофият ва беғаразӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин бора намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.Дар кори семинар бахшида ба масъалаи мазкур муовини сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, роҳбари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патритсия Виверс – Картер ва сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов ширкат доштанд. Манбаъ, қайд менамояд, ки дар ҳошияи лоиҳаи «Барномаи мусоидати Русия ба таҳсилот ба манзури рушди он», ки онро Федератсияи Русия бо маблағ таъмин ва Бонки умумиҷаҳонӣ идора мекунад, барои таҳкими Маркази миллии тестӣ ва мусоидат ба тарҳрезӣ ва ҷорӣ намудани имтиҳоноти ягонаи қабул 4 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуда буд. «Бонки умумиҷаҳонӣ ва Тоҷикистон мушорикони доимӣ дар бахши таҳсилот ба шумор мераванд, зеро беҳдошти таҳсилот боиси коҳиш ёфтани камбизоатӣ ва такмили рақобатпазирии иқтисодӣ мегардад», — қайд намуд дар ҷараёни семинар роҳбари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патритсия Виверс – Картер.Мувофиқи суханони мавсуф, мақсади Маркази миллии тестӣ ва имтиҳоноти ягонаи қабул иборат аз стандартизатсияи амалия ва расмияти тестӣ, коҳиш додани сатҳи ришвахӯрӣ ва барои донишҷӯён фароҳам овардани шароити дастрасии баробар ба таҳсилоти олӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестиро Ҳукумати Тоҷикистон соли 2008 чун иқдоми аввал барои ташкили низоми арзёбии маорифи миллӣ таъсис дода буд, ки мақсад аз он мусоидат ба беҳдошти дастрасӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар кишвар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






