Маркази миллии тиббии Тоҷикистон 50-сола шуд

Октябрь 23, 2014 11:05

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) яке аз муассисаҳои калонтарини клиникии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба фаъолияти ин марказ имсол 50 сол пур шуд. Дар  тӯли 50 соли сипаришуда  маркази мазкур номашро бо назардошти давраҳои тараққиёти ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргун кард.   
Ёдовар мешавем, ки дар оғози фаъолияти кориаш, беморхона бо номи «Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3» кушода шуда, баъдан ба номи яке аз ташкилотчиёни фаъоли соҳаи тандурустӣ дар давраи барқароршавии давлати Тоҷикистон А.Дяков номгузорӣ шуд.  Аз 8 феврали соли 2007 бо назардошти дар ҳайати беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ фаъолият намудани марказҳои гуногуни  махсус, ки манбаи дастур ва корҳои методӣ барои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гаштаанд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхона номи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ ҶТ)-ро касб намуд.
Марказ дорои 61 шуъбаи гуногун буда, аз он 35 шуъба муолиҷавӣ ва 26 шуъба ёрирасон мебошад.
 Ҳайати шахсии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 2014 ҳамагӣ 1963 нафарро дар бар гирифта, аз он  460 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ, 908 нафар коркуни миёнаи тиб, 461 нафар корманди хурди тиб, 80 нафар корманди хоҷагӣ ва 54 нафар корманди қисми маъмурӣ мебошад.
 Масъалаи ташкил ва зина ба зина кушодани соҳаҳои махсуси тиббӣ аз рӯзҳои аввал дар зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино қарор дошт.
 Дар тӯли 50 сол бисёр духтурони шинохтаи ҷумҳурӣ дар ин марказ ба ҳайси сардухтур фаъолият намуда,  ҳар яки онҳо барои рушди беморхона, ҷорӣ кардани усулҳои нави ташхису муолиҷа ва истифодаи таҷҳизоти наву муосир ҳиссаи назаррас гузоштанд. 

Октябрь 23, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?