Минск: ҷамъбасти натиҷаи ҳамоиши СҲШ дар Душанбе
Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 30 сентябр сафири Тоҷикистон дар Беларус, намояндаи доимии Тоҷикистон дар мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ Қозидавлат Қоимдодов дар шаҳри Минск дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз натоиҷи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, нақл кард.
Мавсуф қайд намуд, ки сарони давлатҳо масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар заминаи СММ ва ҳошияи созмони байналмилалии мазкур таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Дипломати тоҷик ҳамчунин қайд намуд, ки аз рӯи натоиҷи ҳамоиш беш аз 10 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки ҳам барои давлатҳои узви СҲШ ва ҳам барои рушду тақвияти ин созмон аҳамияти бориз дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






