Муҳокимаи масоили ҳамкории Русия ва Тоҷикистон

Октябрь 9, 2014 11:15

Душанбе, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар»,  Фарзона  Достонзода). — 7 октябр  дар  шаҳри  Хуҷанд ҷаласаи  якуми  клуби матбуотии «Суғдиён» дар  мавзӯи «Масоили муҳими  ҳамкории  Русия  ва  Тоҷикистон  дар  фазои  АвруОсиё  баргузор  гардид. 
Тавре  ки  аз  Намояндагии Созмони ғайритиҷоратии Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи  таҳқиқи  АвруОсиё» — и  Русия  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  ҷаласа   масоили  ҳамкории байниминтақавӣ   дар  бахши таҳсилоти  касбӣ,  муносибатҳои  тиҷоратию  иқтисодӣ,  соҳаҳои иттилооту  коммуникатсия, ҳамчунин   дурнамои   рушди   равобити   мустақими  иқтисодии   ниҳодҳои  Федератсияи  Русия  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  заминаи  созишномаҳои  дуҷониба баррасӣ  шуданд.
Ба муҳокимаи  масоили аз  ҳамкорӣ  дар  фазои  АвруОсиё  сари вақт  ва  муфассал   воқиф  намудани  аҳолии  ҳар  ду  кишвар таваҷҷуҳи  хоса зоҳир  гардид. 
Тасмим  гирифта   шуд, ки моҳе  ду  маротиба ҷаласаи  клуб   доир  карда  шавад. 
Клуби   матбуотии «Суғдиён» — ро  Намояндагии Созмони  ғайритиҷоратии Бунёди  рушди «Пажӯҳишгоҳи  таҳқиқи  АвруОсиё» — и  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъсис  дода  ва он бо  дастгирии   рӯзномаи  вилоятии «Согдийская  правда»  фаъолият  дорад. Мақсади  асосии  фаъолияти  клуби  матбуотӣ иборат  аз муттаҳид  сохтани ҷамоаи  журналистон  ба  манзури  таълиму табодули  таҷриба,  ҳамкорӣ  бо  намояндагони  мақомоти ҳокимияти  давлатӣ,  беҳдошти  сифати воқифияти  аҳолии  Русия ва  Тоҷикистон  аз  вусъати  раванди  ҳамгироии   АвруОсиё  мебошад.

Октябрь 9, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд