Муаррифии «Исёни ғурур»- и Давлат Сафар
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар китобхонаи миллӣ рӯнамоии китобҳои адиби шинохати тоҷик Давлат Сафар- «Исёни ғурур» ва Девони ашъор» баргузор шуд.
Дар маҳфил адибону донишмандон, дӯстдорони каломи бадеъ ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат варзида, доир ба шеъру ашъори беназири шоири ширинкалом Давлат Сафар Сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки шеъри Давлат Сафар бо равонию тозагии маънӣ аз дигар адибон бартарӣ дорад ва ҳаёти имрӯзаро инъикос мекунад.
Зикр гардид, ки «Девони ашъор»- Давлат Сафар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо хати форсӣ рӯи чоп омадааст. Гуфта шуд, ки ин иқдоми нав барои муаррифии насли нави адибон дар кишвари мазкур аст.
Ёдрас мешавем, ки Давлат Сафар 8-уми марти соли 1971 дар оилаи бинокор ба дунё омадааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар факултаи химия-биологияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қ. Ҷӯраев идома медиҳад. Соли 1992 дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси ёвари коргардон фаъолиятро оғоз карда, сипас ба ҳайси муҳаррир , сармуҳаррири идораи «Омӯзиши афкори умум», «Сиёсӣ», ва «Ахбор» кор кардааст. Солҳои 2007-2011 ба ҳайси муовини аввали директори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон , аз соли 2011 то 2013 дар вазифаи директории генералии КВДКВ «Тоҷиккино» кор карда, дар айни ҳол сардори шуъбаи табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг мебошад.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Пайғоми ашк» (1998), «Шеъри гаҳвора»(с. 2010), «Шаҳбол» (с.2010) буда, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагон, барандаи ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, ҳамчунин дорандаи медали «Хизмати шоиста», нишонҳои Аълочии телевизион, матбуот ва фарҳанг мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






