Муассисаи тиббии ВКД барои муолиҷа омода аст

Октябрь 23, 2014 10:20

Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯзҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд таъмиру тармими бинои Муассисаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд босуръат ҷараён дорад.
Барои навсозии ин бино ҳамарӯза то 100 нафар сохтмончӣ, пардозгар ва таъмиргар ҷалб мешавад.  Роҳбарияти раёсат   ният доранд, то ҷашни 20 -солагии қабули Сарқонуни Тоҷикистон онро мавриди истифода қарор диҳанд. 
Бино барои муолиҷаи шабонарӯзии 50 нафар корманди ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят, хадамоти гумрук, оташнишинӣ ва муҳофизони муассисаҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.  
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи тиббӣ    барои барқарор намудани саломатӣ ҳуҷраҳои тиббӣ амал намуда, таҷҳизоти нави муосир насб  мешаванд.
Дар он зиёда аз 40 нафар табиб ба афсарону сарбозони ниҳодҳои номбурда хизмат мерасонад.

Октябрь 23, 2014 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик