Мубориза бар зидди терроризм тақвият меёбад
Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Дар назар аст, ки имрӯз, 15 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» илова ворид намоянд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки вакилони Парлумон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи милитсия“ ва „Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона“-ро баррасӣ ва маъқул шуморида, қабул намоянд.
Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳои мазкур, таъмини амният ва суботи давлату миллат, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатарҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, инчунин мубориза бар зидди терроризм, эктремизм ва ҷинояткории муташаккилона аст, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир бархе аз манотиқи ҷаҳонро ба нуқоти даргир ва доғи сайёра табдил дода, хавфу хатарҳоро дар субот ва амнияти кишварҳо ба бор овардааст.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






