Муборизаи СААД бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Октябрь 1, 2014 16:11

Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-  Имрӯз   дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳо-аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар мавзӯи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Котиби генералии СААД Николай Бордюжа, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия Анатолий Кузнетсов, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, хадамотҳои кор бо муҳоҷират, шиносномавию раводид, назорати наздисарҳадӣ ва дигар мақомоти дахлдори  ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Беларус, Қирғизистон ва Арманистон (аъзои СААД) иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ташкили кор дар самти муқобилият бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, батанзимдарории он тибқи талаботҳои қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, беҳтар намудани чораҳои таъсирбахши пешгирикунанда, ҳамчунин ҳамкориҳои хадамотҳои муҳоҷират бо мақомоти назорати наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мубориза бурда шавад.
 Дар шароити муқобилият бо таҳдидҳои муосир фаъолияти якҷоя дар чорчӯбаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони салоҳиятдори давлатҳо-аъзои СААД   бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ аҳамияти бештар касб мекунад. Ҳамасола чорабиниҳои фаврӣ-пешгирӣ дар самти муқобилият ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо номи шартии «Ғайриқонунӣ» («Нелегал») бомуваффақият гузаронида мешаванд.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин оид ба натиҷаҳои амалигардонии мушоҳидаи вазъи муҳоҷират бо мақсади пешгӯии рушди минбаъдаи ин самт ва муайянсозии роҳҳои нави муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишварҳои сеюм ибрози назар намуданд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳо дар самти мубодилаи иттилоот, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони паноҳҷӯянда, гурезаҳо ва ҳамкориҳои муштараки давлатҳо-аъзои СААД   мубодилаи афкор сурат гирифт.
Чаласаи имрӯза барои ба ҳадафи умумӣ расидан дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ саҳми арзанда гузошта, барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои минбаъда байни мақомоти дахлдори давлатҳо-аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мусоидат хоҳад кард. 
 
 
 

Октябрь 1, 2014 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!