Муколамаи байни Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 10 октябр, дар шаҳри Душанбе Муколамаи сеюми байни Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Академияи илмҳои Тоҷикистон, Шӯрои умури байналмилалии Ҳиндустон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон роҳандозӣ шуд.
Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов ва Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сканд Тайял муколамаро бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ намуданд.
Дар кори ин чорабинӣ ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар ҷараёни муколама самтҳои асосии фаъолияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон, аз ҷумла мавзӯъҳои вусъати Стратегияи дигаргунсозӣ дар Осиёи Марказӣ, вазъияти Афғонистон, мақоми Тоҷикистону Ҳиндустон дар ҳошияи фаъолияти СҲШ барои таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамчунин дурнамои ҳамкории Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Муколамаи якуми Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ 12 ва 13 июни соли 2012 дар шаҳри Бишкек баргузор гардида, ба ҳалли масоили асосии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҳиндустон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт.
17 ва 18 июн дар шаҳри Алмаато Муколамаи дуюми Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муҳаққиқони марказҳои асосии академию тадқиқодӣ, ҳамчунин сохторҳои давлатии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ширкат доштанд.
Дар ҷараёни муколамаи сеюм зикр шуд, ки Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир дар амри рушди ҳамаи самтҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд. Рушди иқтисодиёти Тоҷикистону Ҳиндустон имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам овард.
Дар ҷараёни муколама ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз Ҳиндустон қодир аст, аз нигоҳи илму дониш ва технологияҳо табодули таҷриба намояд, ки ин ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, таъсири мусбат мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






