Мулоқот бо ҷавонони синни даъватии пойтахт
Душанбе,08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Ҳафтаи равон дар ноҳияҳои Сино, Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои раиси Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, фаъолон, аъзои комиссияи даъвати ноҳиявӣ ва ҷавонони синни даъватӣ вохӯриҳо доир намуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷараёни чорабинӣ аъзои Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ ва меҳмонон перомуни тарбияву таълими дурусти наврасону ҷавонон сухан карда,онҳоро ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амният, ҳимояи марзу буми кишвар ҳидоят намуданд.
Дар фарҷоми мулоқотҳо маҳфили саволу ҷавоб доир шуда, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи баргузории мулоқотҳо, пеш аз ҳама татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизмати муқарраргардидаи ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






