Мулоқот бо донишҷӯёни ятиму камбизоат дар ДДХ
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти ошкорои ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов бо донишҷӯёни ятиму камбизоат ва маъюбу бепарастор доир гардид.
Ғафурҷон Усмонов гуфт, ки дар айни ҳол дар донишгоҳ 424 нафар, аз ҷумла 32 нафар донишҷӯи ятими кулл, 34 нафар маъюби гурӯҳҳои 1-2-3 ва зиёда аз 358 нафар муҳассиле, ки падар ё модар надоранд, таҳсил доранд, ки онҳо дар таҳти назари доимии раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ қарор доранд. Бояд тазаккур дод, ки тамоми ятимони кулл дар хобгоҳу факултаҳои донишгоҳ бо компютерҳои алоҳида таъмин гардида, барои такмил ва инкишофи донишҳояшон шахсони алоҳида масъул гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи дувоздаҳ моҳи соли 2013 ба донишҷӯёни ин гурӯҳи донишгоҳ ба миқдори 215 ҳазору 790 сомонӣ кумакпулии яквақта дода шудааст. Аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ ба муҳассилини ятим ва маъюб стипендияи иловагӣ, ба ғайр аз стипендияи муқаррарии ҳармоҳа дар ҳаҷми 100 сомонӣ дода мешавад. Метавон гуфт, ки агар имрӯз ҳар як донишҷӯи ятиму маъюби донишгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил намояд, дар як сол беш аз 2500 сомонӣ идрор ва кумакпулӣ гирифта метавонад. Гузашта аз ин барои донишҷӯёни ятими кулл ва маъюби донишгоҳ истифодаи хобгоҳ ройгон аст.
Интизор меравад, ки дар арафаи 20-солагии ҷашни Сарқонун ва Рӯзи Парчами миллӣ ба ин табақаи донишҷӯён иловатан беш аз 85 ҳазор сомонии дигар аз хазинаи донишгоҳ ихтисос дода мешавад.
Ғафурҷон Усмонов ба саволу пешниҳодоти донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зист ва таълимии донишҷӯёни камбизоат ва ятим дастуру супоришҳои мушаххас дод.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






