Мулоқот бо донишҷӯёни ятиму камбизоат дар ДДХ

Октябрь 15, 2014 11:56

Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти ошкорои ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов  бо донишҷӯёни ятиму камбизоат ва маъюбу бепарастор доир гардид.
Ғафурҷон Усмонов гуфт, ки дар айни ҳол дар донишгоҳ 424 нафар, аз ҷумла 32 нафар донишҷӯи ятими кулл, 34 нафар маъюби гурӯҳҳои  1-2-3  ва зиёда аз 358 нафар муҳассиле, ки  падар ё модар надоранд, таҳсил доранд, ки онҳо дар таҳти назари доимии  раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ қарор доранд. Бояд тазаккур дод, ки тамоми ятимони кулл дар хобгоҳу факултаҳои донишгоҳ бо компютерҳои алоҳида таъмин гардида, барои такмил ва инкишофи донишҳояшон шахсони алоҳида масъул гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи дувоздаҳ моҳи соли 2013 ба донишҷӯёни ин гурӯҳи  донишгоҳ ба миқдори 215 ҳазору 790 сомонӣ кумакпулии яквақта дода шудааст. Аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ ба муҳассилини ятим ва маъюб стипендияи иловагӣ,  ба ғайр аз  стипендияи муқаррарии ҳармоҳа дар ҳаҷми 100 сомонӣ дода мешавад. Метавон гуфт, ки агар имрӯз ҳар як донишҷӯи ятиму маъюби донишгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил намояд, дар як сол беш аз 2500 сомонӣ идрор ва кумакпулӣ гирифта метавонад. Гузашта аз ин барои донишҷӯёни ятими кулл ва маъюби донишгоҳ истифодаи хобгоҳ ройгон аст.  
Интизор меравад, ки дар арафаи 20-солагии ҷашни Сарқонун ва Рӯзи Парчами миллӣ ба ин табақаи донишҷӯён иловатан беш аз  85 ҳазор сомонии дигар аз хазинаи донишгоҳ ихтисос дода мешавад.
Ғафурҷон Усмонов ба саволу пешниҳодоти донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зист ва таълимии донишҷӯёни камбизоат ва ятим дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
 
 

Октябрь 15, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад