Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Илҳом Алиев
Душанбе, 17.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дирўз мулоқоти меҳмони олиқадр бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир гардид. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо доир ба таҳкими робитаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ табодули афкор карда, барои ба сатҳи боз ҳам беҳтар расонидани ин муносибатҳо зарурати фаъолсозии кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва истифодаи пурраи имконоту захираҳои мавҷудаи таҳкимбахшандаи ҳамкориҳоро таъкид намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






