Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Валерий Бондаренко
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Тибқи фармони вазири корҳои хориҷаи Русия ба вазифаи консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко таъйин гардид. Ӯ дар ин симмат ҳамкасби хеш Александр Копнинро иваз намуд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳафтаи гузашта консули генералии навтаъйин ва собиқро ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилоят Валерий Бондаренкоро бо ин вазифа табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷониба минбаъд низ густариш дода мешаванд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо Русия равобити дӯстонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат як зумра созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Валерий Бондаренко гуфт, ки рушду ривоҷи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи минтақаро дар ҳоли устувор ва пешрафта мебинад ва дар фаъолияти минбаъдааш баҳри мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба ҷаҳду талош хоҳад варзид.
Роҳбари вилоят оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дода, зикр дошт, ки дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ дар вилоят зиёда аз 33 ҳазор хоҷагии хурди инфиродиву оилавӣ таъсис ёфтааст. Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст майдонҳои бекорхобидаи дашти Сомғорро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, дар ин мавзеъ шаҳраки нав ва боғи интенсивӣ бунёд намояд. Бад-ин васила дар вилоят раванди муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфта, аз оғози сол то ба имрӯз 40 ҳазор нафар муҳоҷир дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин гардид.
Дар фарҷоми мулоқот раиси вилоят ба Валерий Бондаренко барои фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси консули генералӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






