Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аҳмад Муҳаммад Алӣ

Октябрь 27, 2014 15:27

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Зимни мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари америкоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳоло бо харҷи 145 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки исломии рушд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маориф татбиқ мешаванд.
Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мусоидат ба мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ, хусусан Афғонистони ҳамсоя баҳои баланд дода, бори дигар омодагии Бонки исломии рушдро барои иштирок дар маблағгузории чунин лоиҳаҳои минтақавӣ чун хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ғайри инҳо таъйид намуд.
Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Октябрь 27, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад