Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Патрушев
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар»).Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили вобаста ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин ҳамсояи ҷанубӣ, ҳамгироӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ва ҳамчунин ба таҳкими амнияти иттилоотӣ зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯйи судбахш доир ба масоили дигари вобаста ба ҳифзи амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






