Мулоқоти хоссаи А. Қаҳҳоров бо Н. Патрушев
Душанбе, 17.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Бегоҳии рўз дар бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат мулоқоти хоссаи Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев доир шуд. Вохўрии навбатии котибони Шўрои амнияти ду давлат идомаи музокироти қаблии ҳайатҳои Тоҷикистону Русия оид ба масоили амният ба ҳисоб меравад, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Маскав доир гардид. Дар ин мулоқот ва мулоқоти қаблӣ масоили таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти мудофиавӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар доираи вохўрии навбатӣ дар шаҳри Душанбе котибони Шўрои амният ва коршиносони дастгоҳи марказии Шўрои амнияти ду давлат ҳамчунин доир ба масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вобаста ба татбиқи пешниҳодҳои ҳайатҳо ва таклифҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масоили амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ мубодилаи афкор карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






