Мулоқоти М. Убайдуллоев бо А. Воробёв
Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи сафари расмиаш раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия бо губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ баҳри интиқолу рушди тиҷорати молистеҳсолкунандагони Тоҷикистон дар ин вилоят, мусоидат дар ташкили мактабҳои тоҷикӣ барои тоҷикони вилоят ва вусъати ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Мусоҳибон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд гурӯҳҳои кории муштаракро созмон доданд, ки то даҳаи аввали моҳи декабри соли равон созишномаҳои марбутаро барои тасдиқ ва мавриди амал қарор додан омодаву пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷараёни сафараш ба Русия бо ҳайати расмӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба қаҳрамониҳои акарону афсароне, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 фавтидаанд, дар назди оташи ҷовидони девори Кремл гулчанбар гузошт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






