Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо Анатолий Иксанов
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии (ФБҲГ) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Анатолий Иксановро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Анатолий Иксанов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти фонди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконият ва салоҳиятҳои он ибрози назар намуда, вобаста ба густариши ҳамкориҳои минбаъда андешаҳояшро баён дошт.
Марҳабо Ҷабборӣ дар навбати худ аз тавсеаи ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФБҲГ изҳори қаноатмандӣ намуда, таклиф кард, ки Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ метавонад дар татбиқи самараноки барномаҳои омўзиши забони русӣ, таҳия ва таъмини адабиёти русии дарсӣ, маводи таълимӣ, бо сифати баланд омода намудани омўзгорони забони русӣ, ташкили табодули таҷриба барои азхудкунии забонҳо ва самтҳои марбута саҳми назаррасро дар Тоҷикистон касб кунад.
Ҷонибҳо изҳори бовар карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар татбиқи нақшаҳои ФБҲГ фаъолона ширкат варзида, дар таҳияи нақшаи кори ФБҲГ дар соли 2015 ва татбиқи самараноки он таклифу пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ба инобат гирифта хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






