Мулоқоти Ш.Саид бо Ҷ.Лиф
Душанбе, 01.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 30 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шариф Саид бо роҳбари лоиҳаи USAID оид ба савдо ва мусоидат ба Афғонистон дар Тоҷикистон хонум Ҷули Лиф ва мутахассиси бахши тиҷорати лоиҳа Камолиддинов Парвиз сурат гирифт. Дар ин бора аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷонибҳо масъалаи имзои минбаъдаи созишномаи чорҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорати байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва федератсияи Палатаи савдо ва саноати Покистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷули Лиф зикр намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии лоиҳаи USAID иборат аз мусоидат ба рушди равобити тиҷоратию иқтисодии байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии минтақа аст.
Шариф Саид омодагии худро ба дастгирии рушду таҳкими ҳамкорӣ ва нақшаи таъсис додани Шӯрои муштараки миёни палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои зикршуда иброз дошт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






